Жазылу
ДДОТ ба номи С.Айнӣ (расмӣ) Таърихи донишгоҳ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз поягузорони асосии илму маърифат ва фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тайёр намудани мутахассисони илмию омӯзгорӣ саҳми бузург гузоштааст. Соли 2021 ин кохи маърифати ҷумҳурӣ 90-сола шуд. Нахустин мактаби олии Тоҷикистон бо номи Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС 18-уми июли соли 1931 дар заминаи шуъбаҳои таъриху иқтисодиёт ва адабиёту забоншиносии факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Тибқи қарори мазкур аз ҳайати ин донишгоҳ 195 нафар донишҷӯён ва 29 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 4 профессор, 8 дотсент ва 16 ассистент ба донишкадаи навтаъсис гузаронида шуданд.