No video

АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ / ABULQOSIM LOHUTY/

  Рет қаралды 1,141

JO PRODUCTION

JO PRODUCTION

2 жыл бұрын

Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст. Ӯ дар ғарби Эрон дар хонаводаи мӯзадӯз ба дунё омадааст. Яке аз сармоядони назми форсу тоҷик, аз оилаи косиб. Саводи ибтидоиро дар мактаби муллои деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур кард аз хурдсолӣ меҳнат кунад. Чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани аҳли ҷомеа шинос гардид. Тангии маишати хонавода водораш намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, бо намунаҳои осори безаволи Фирдавсӣ шиносо гардида, таъсири каломи мавзун ва суханҳои латифу ҳакимонаро эҳсос кардааст. Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси «Илҳомӣ» шӯҳрат ёфтааст, гоҳо шеърҳои сӯфиёнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст. Ба ин васила майлу рағбати шеъру шоирӣ беш аз пеш дар қалби кӯчаки ӯ маскан меёфтааст. Баъдтар созмони маҳаллии ҷамъиятии «Одамийят», ки барои бештар ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонони қобилу умедбахш ҷаҳд мекардааст, аз истеъдоди ин ҷавони ҳафдаҳсола пай бурда, бо харҷи худ ӯро барои таҳсил ба Теҳрон фиристодааст. Вале мактабхонӣ дер давом накарда, ҷунбишу ошӯбҳое, ки бо таъсири инқилоби якуми рус ба вуқӯъ пайвастанд, ӯро ҷониби худ кашидаанд ва чун сарбози инқилоб силоҳ ба даст гирифта, дар муборизаҳои озодихоҳии миллӣ ва зиддиистибдодии ҳамватанони худ иштирок намудааст.

Пікірлер
Одина Хошим | Одина Ҳошим | odina hoshim | ادینه هاشم
19:56
ТВ Таджикистан
Рет қаралды 49 М.
No empty
00:35
Mamasoboliha
Рет қаралды 11 МЛН
Double Stacked Pizza @Lionfield @ChefRush
00:33
albert_cancook
Рет қаралды 122 МЛН
Песни о Чкаловске
20:52
Tanita Piterskay
Рет қаралды 27 М.
Почему Арабы и Евреи всегда воюют?
19:22
Сложный Процент
Рет қаралды 1,2 МЛН
История киллера Саши «Македонского»
15:03
Почему Тадж-Махал остаётся архитектурным чудом?
40:00
Дневники Времени
Рет қаралды 646 М.
Военный Фильм ПАХАН  1941 - 1945
1:26:12
ЗЕМНЫЕ
Рет қаралды 2,4 МЛН
Saddam Hussein: a tyrant who's missed? / History of a dictator | Theory of Everything
32:09
No empty
00:35
Mamasoboliha
Рет қаралды 11 МЛН