Ахбори Точикистон Имруз - 09.10.2024 | novosti tajikistana

  Рет қаралды 1,840

ТВ Таджикистан

ТВ Таджикистан

Күн бұрын

Раванди марҳилаи дуюми лоиҳаҳои «Устувор намудани бахши молиявӣ» ва «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии коршиноси калони бахши молияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон инчунин доир ба масъалаҳои марбут ба таъсири хавфҳои тағйирёбии иқлим ба низом, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, такмили заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар кардани хизматрасонии молиявии рақамӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, таъмини устувории низоми пардохт, маблағгузории иқтисоди «сабз» ва таҳияи пойгоҳи ягонаи маълумоти оморӣ мубодилаи афкор намуданд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти аҳаммияти афзояндаи бахши молиявӣ дар сабзгардонии иқтисод бо институтҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ба муассисаҳои молиявии мамлакат дар таҳия ва татбиқи таҷрибаи беҳтарини ESG, татбиқи барномаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии хавфҳои экологӣ кумак мерасонад. Бонк пайваста ба сӯи стандартҳо ва таҷрибаи беҳтарини эътирофшудаи байналмилалӣ ҳаракат мекунад.

Пікірлер
А что бы ты сделал? @LimbLossBoss
00:17
История одного вокалиста
Рет қаралды 6 МЛН
World‘s Strongest Man VS Apple
01:00
Browney
Рет қаралды 35 МЛН
Ахбори Точикистон Имруз - 01.10.2024 | novosti tajikistana
27:29
ТВ Таджикистан
Рет қаралды 12 М.
Комил карате
6:56
Дустмурод Шарипов
Рет қаралды 92 М.