Рет қаралды 6,428
*Дуои дафъи васваса дар намоз*
Талаффуз:
Аз Усмон ибни Абулъос ривоят аст, ки ӯ назди Паёмбар (ﷺ) омаду гуфт: «Ё Расулаллоҳ, ба дурустӣ ки шайтон маро аз намоз хондан ва қироати Қуръон машғул мекунад ва маро парешон месозад». (дар посух ба ӯ) Паёмбари Аллоҳ (ﷺ) чунин гуфт: «Ин шайтонест бо номи Хинзоб, агар (ҳузури) ӯро ҳис куни, ба Аллоҳ (аз шарри ӯ) паноҳ бибар, ва се бор ба тарафи чап туф кун». (Усмон) гуфт: «Ман чунин кардам ва Аллоҳ (ин шайтонро) аз ман дур кард». (Ривояти Муслим 2203)
Араби:
عَن عُثْمَان بن أبي الْعَاصِ أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ: « يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ الشَّيْطَانَ قَدْ حَالَ بيني وَبَين صَلَاتي وقراءتي يُلَبِّسُهَا عَلَيَّ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: ذَاكَ شَيْطَانٌ يُقَالُ لَهُ خِنْزِبٌ فَإِذَا أَحْسَسْتَهُ فَتَعَوَّذْ بِاللَّهِ مِنْهُ وَاتْفُلْ عَلَى يسارك ثَلَاثًا . قَالَ: فَفَعَلْتُ ذَلِكَ فَأَذْهَبَهُ اللَّهُ عَنِّي. رَوَاهُ مَسْلِمٌ قال ابن القيم رحمه الله : " العبد إذا تعوَّذ بالله من الشيطان الرجيم ، وتَفَلَ عن يساره ، لم يضُرَّه ذلك ، ولا يقطعُ صلاته ، بل هذا مِن تمامها وكمالها " انتهى . "زاد المعاد" (3 / 602) .
Тарҷума:
Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: Агар банда аз шайтони лаъин ба Аллоҳ паноҳ бибарад ва ба тарафи чапаш туф кунад, ба ӯ ҳеҷ зиёне намерасонад ва (инсон) намозашро набояд қатъ накунад, баръакс ин амал аз комилият ва пуррагии намоз мебошад. «Зодул-маъд» (3/602).
Audio 🎵:
bit.ly/3xWRoS6
Барномаи Avrod дар Google Play
👇👇👇👇
bit.ly/3mdiwFw