Рет қаралды 4,000
Помидор, бодиринг, балгарӣ, қулфинай ва даҳҳо зироати дигар - парваришу истеъмоли онҳо дар Тоҷикистон кайҳо боз бефасл шудааст. Танҳо помидорро солона бештар аз ним миллион тонна истеъмол мекунанд, ва дар солҳои наздик ин нишондиҳанда метавонад ду баробар афзояд.
Афзоиши талабот ба ингуна зироатҳо соҳаи дигари кишоварзиро рушд дода истодааст. Дар ҷумҳурӣ хоҷагиҳои бузурге фаъол шуда истодаанд, ки самти фаъолияташон танҳо парвариши ниҳол аз тухм аст. Онҳо ҳар моҳ то миллион кучат парвариш карда дигар хоҷагиҳоро бо он таъмин мекунанд.
Ҳамаи ҷузъиёти соҳаи бузургу нави кишоварзӣ, тиҷорат ва даромад аз он - дар гузориши вижаи мо дар доираи лоиҳаи “Барзгар”.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: asiaplustj.info
Facebook: / asiaplustj
Instagram: / asiaplustj
#барзгар #таджикистан #asiaplus