АЗ БАҲСИ АБДУРОЗИҚ ВА БАРОН ТО "НОГУФТАҲО"-И ОРЗУ ИСО 2022

  Рет қаралды 137

SABAD TV

SABAD TV

2 жыл бұрын

(Ё чаро мо ютубдориву санъаткории худро ба ин ҳад хор кардаем?)
Мушоҳидаи ҳар саҳифаву ҳар кунҷу канори ютубу дигар парталҳои наворнашркунии интернет, ки ба тоҷикон рабт доранд, собит мекунад, ки мо то чӣ андоза мақому манзалати худро дар соҳаи санъату мусиқӣ поён бурдаем.Санъти блогерӣ ва сурудофарии Тоҷикистон дар ютубу инстаграм дар сатҳи баҳси аз ҳам пошидани Абдурозиқу Барон ҷамъбаст мешавад.Ахири соли 2021 ҳасту инак чанд рӯз баъд соли 2022 меояд, мо ютубу дигар сомонаҳои иҷтимоиро бо масъалаи пучи аз ҳам пошидани Абдурозиқу Барон пур кардем ва нашармидем, ки мардуми бофарҳанг дар бораи фарҳанги баҳсороиву маърифатсолории мо чӣ мегӯянд.Ҷои он, ки сари эҷоди таронаҳои мондагор фикр намоем, рӯ овардем ба масъалаи аз ҳам пошидани Абдурозиқу Бароне, ки яке рэп мехонад ва яки дигар дар паноҳи аввали аз ютуб сатҳи зиндагии худро беҳтар кардан мехоҳад.Ҳамин гуна мо хеле вақт шуд фаромӯш кардаем, ки мо вориси аҷдоди сурудҳои бомаъниофару дар ҳади воло фарҳангӣ ҳастем.Шоирону андар боби ҷанҷоли Абдурозиқу Барон шеър эҷод карданду рэпсароён ин баҳсро ба қавле рэпҳои пурҳаводор карданд.
Новобаста аз сатҳу мақоми донандагияшон имрӯзҳо аксар аз фарҳангиёну журналистони мо, ки худро намояндаи барҷастаи журналистикаи телевизионии тоҷик медонанд, дар ютуб сафҳа боз намудаанду рӯ овардаанд ба нашри наворҳое, ки ҷуз ҳарза ва гапҳое бемавқеъ маънии дигаре наметавон аз тамошои онҳо пайдо кард.Орзу Исоев аз зумраи онҳоест, ки як замон барномаҳои пурҳаводорро дар телевизиони тоҷик таҳия ва пешниҳод менамуд.Имрӯзҳо бошад сафҳаеро бо номи Орзу Исо дар ютуб боз намудаву барномаеро дар он таҳти унвони "Ногуфтаҳо" пеш мебаранд.Меҳмони ин барномаҳои сарояндагони тоҷиканд ва мавзӯи аслии суҳбат сафсатаҳоест, ки ба чӣ хурданду чӣ кардану чӣ хостани сарояндаҳо иртибот дораду халос.Аз сарояндаҳо дар бораи он мепурсанд, ки чаро аз шавҳарҳояшон ҷудо мешаванду падару модари аслияшон кист.Ё чаро бо дасти шикаста ба барнома омадааст.
Ҳанӯз ҳам масъалаи суҳбаторову сухандон набудани сарояндаҳои мо мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад.Дарди ба хайр аст ин ҳама.Ҳайрон мешавам, ки чаро вақте сарояндаҳои мо ба барномаҳои ютубии афғониву эронӣ даъват мешаванд кӯшиш мекунанд, ки забонро каҷ карда бо лаҳни ба қавли журналисти тоҷик Сайёфи Мизроб ируниву афғунӣ ҳарф мезананд.Шабнами Сурайё дар барномаи "Тути базз"-и яке аз блогерони афғон ҳамин корро кард, ки хеле дилбазану нафратовар буд.
Муддатест, ки сафҳаи ютуби Телевизионии афғонии "Ориёно" барномаеро бо номи "Даме бо ҳамдаме" роҳандозӣ кардааст.Муҷрии барнома бонуи овозхони афғон Сито Қосимӣ ҳастанд.Сарояндагони тоҷик, мисли Зайнура Пулодова, Шабнами Тоҷиддин, Суруш Холов, Нигора Холова, Фирӯза Ҳафизова, Хуҷастаи Мирзовалӣ ба ин барнома даъват шуданд.Ҳар тоҷики бофарҳанг аз дидани суҳбатороии ин сарояндагон шарм мекунад.Як мақсади кутоҳи худро бо забони тоҷикӣ дуруст ва бо забони фасеҳ баён карда наметавонанд.
Санъати эстаради мо тоҷикон дар гумон аст, ки бо ин шеваи сарояндагии овозхонҳои тоҷик мондагор мешавад.На суруди ҷолиб метавон пайдо кард на суҳбати оқилона.Сабади сурудҳои эстарадаи мо пур аз бозхониҳову сурудҳои пучу бемаъно шудааст.
Мо ин шеваи сарояндагӣ наметавонем ҳеҷ осори мондагор ба ояндагон боқӣ гузорем.Мушкилотест, ки сари он бояд ниҳодҳои дахлдор ва фарҳангиёни кишвар бояд андеша намоянд.Роҳу василае бояд пайдо кард, ки худро дар ҷодаи санъат шармандаи ду олам насозем.Ютубро имрӯз ҷаҳон мебинад ва мо бояд коре кунем, ки фарҳанги худро ба ин ҳад поин набарем.
Бахтиёр Раҳмониён
#абдрузок #барон #орзуисо #ногуфтахо #санъат #2021

Пікірлер
The joker's house has been invaded by a pseudo-human#joker #shorts
00:39
Untitled Joker
Рет қаралды 7 МЛН
Получилось у Вики?😂 #хабибка
00:14
ХАБИБ
Рет қаралды 6 МЛН
Khó thế mà cũng làm được || How did the police do that? #shorts
01:00
Бехтарин суханхо ❤️
1:31
Zamira_cake_
Рет қаралды 45 М.
Тайны жён Кадырова
13:21
Proekt_media
Рет қаралды 3,1 МЛН
РАХМОН В ПАНИКЕ | КАБИРИ | АЙСИН
50:33
СРОЧНА ДА ДУШАНБЕ ДАЛЕРА ЧИКАРДАН
39:12
Далер official
Рет қаралды 11 М.
SARVARA IJODIDAN ENG SARA QO'SHIQLAR
1:23:18
RUXSOR FM
Рет қаралды 1,9 МЛН
суханхой чаноби Оли
0:40
НУРОБОД 🇹🇯 СИЯХОБ
Рет қаралды 1 М.
ҮЗДІКСІЗ КҮТКЕНІМ
2:58
Sanzhar - Topic
Рет қаралды 3,8 МЛН
Көктемге хат
3:08
Release - Topic
Рет қаралды 166 М.
Iliyas Kabdyray ft. Amre - Армандадым
2:41
Amre Official
Рет қаралды 113 М.
Janona
4:09
Release - Topic
Рет қаралды 450 М.
Serik Ibragimov - Сен келдің (mood video) 2024
3:19
Serik Ibragimov
Рет қаралды 657 М.
Dildora Niyozova - Bala-bala (Official Music Video)
4:37
Dildora Niyozova
Рет қаралды 8 МЛН