Рет қаралды 17,077
Azizi Vahobov / Азиз Вахоб / Азиз Ваҳоббов
Матни газал аз Сайдои Насафи :
Ин чӣ рангу рухсор аст? Гулшани ҷамол аст ин!
Ин чӣ қадду рафтор аст? Ғояти камол аст ин!
Пеши рӯйи тобонат ҷилваи таҷаллӣ чист?
Офтобу моҳ аст он, партави ҳилол аст ин.
Мекунӣ гаҳ истиғно, мекунӣ гаҳе дашном,
Шишаи шароб аст он, шарбати висол аст ин.
Аз замин чӣ меҷӯӣ в-аз фалак чӣ мехоҳӣ?
Гунбади тилисм аст он, чодари хаёл аст ин.
Аз ғамат чу нақши по, хок мекунам бар сар,
Ваҳ чӣ рӯзгор аст он, оҳ ин чӣ ҳол аст ин?
Ҳамнишин маро бо ту ҳар кӣ дид, мегӯяд:
- Пири куҳнакор аст он, шӯхи хурдсол аст ин. / hisorishodmon