Рет қаралды 47,675
Саёҳат Файзуллоева, сокини 41 солаи ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, соли 2021 аз Федератсияи Рассия ба муддати 40 сол ихроҷ шуд. Баъди баргаштан ба ватан тибқи моддаи 307 Кодекси Ҷиноятии ҶТ ба муддати 5,6 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Номбурда ду моҳ пеш тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” ба озодӣ баромад ва ҳоло ба қавли худаш зиндагии бадтар аз маҳбсро дорад. Саёҳат дарди муҳоҷират рафтану “депорт” шудан, маҳбасӣ гаштану “Авф” шуданашро чунин қисса кард:
Муаллимаи ватандӯст будам, бо ҷурми ифротгароӣ нишастам
Солҳои 2000-2005 тибқи Квотаи Президентӣ факултети Филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардам. Баъди хатм ба мактаби № 14 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс додам. Ба хонандагон бештар аз меҳри ватан, қадри ватан мегуфтам. Ҳатто дар иншои хонагӣ ҳам бештар мавзӯъҳои ватандӯстиро супориш медодам. Аммо имрӯз бо ҷурми ифротгароӣ маҳбасӣ шудам. Дунёи омӯзгорӣ, кор бо хонандагон бароям хеле писанд буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Аммо вазъи танги зиндагӣ, маоши ками соҳавӣ, масъулияти бештарро пайваста ба сари ман бор кардани шавҳар маҷбур кард, ки аз баҳри мактаб баромада руй ба муҳоҷират орам.
Хулоса, аз соли 2011 кам-кам ба назди шавҳарам муҳоҷират рафта меомад. Фарзандонамро хушдоманам нигоҳубин мекард. Соли 2020 баъди паҳн шудани Коронавирус ҳоли мо муҳоҷирон дучанд танг шуд. Дар мулки бегона ҳар рӯз як қонуну қоидаи нав барои муҳоҷирони корӣ ҷорӣ мешуд. Якум қонун ё қоидаро ҳазм накарда, дуюмаш содир мешуд. Бо азоб кор карда пул ҷамъ мекардем.
Соли 2021 хушдоман гуфт, ки фарзандонатро ҳам бо худ бар ман дигар нигоҳубин намекунам. Ду фарзанди мактабхонро гирифта ба Ногинский райони вилояти Москва бурдам. Қариб се моҳ барои дохил кардан ба мактаб паси ҳуҷҷати фарзандонам давутоз кардам. Шавҳарам, ки маълумоти олӣ надорад илова ба тарбия ва таъминот тамоми ҳуҷҷатгузориҳо ҳам ба зиммаи худам буд. Албатта осон нест дар мулки бегона барои як зани тақрибан танҳо ҳам дар корхонаи кор кардан, ҳам ду фарзандро таъмин ва ба мактаб дохил кардан. Хулоса бо умеди кӯмаки ҳуқуқӣ ба Сафорати Тоҷикистон дар Руссия рафтам.
Дар Сафорат ба додам нарасида маро ба “дод” оварданд
Аз руйи нақли Саёҳат дар муҳоҷират зиёд ба мушкили ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шудааст. Вай соли 2021 вақте барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ ба Сафорат меравад муовини сафирро дида, мехоҳад муаммояшро баён дорад.
“Муовинро дида хурсанд шудам, ки мушкиламро ҳал карда меравам. Албатта мисли ман муаммодорон, муҳоҷирони сарсон зиёд буданд. Аммо муовини сафир як калима “фарзандонам” гуфта гапро сар карда будам, ки эътиборе надода қабул накард.
Баъди он болои қаҳру ғазаб аз кори Сафорат норизоӣ кардам. Дар ҳаққи давлату ҳукумат чизе нагуфта будам. Чунки медонистам, ки ба ман чизе шавад ҳеҷ вақт шавҳарам ду фарзандро таъмин ё тарбияи дода наметавонад. Аз худам зиёд фарзандонамро ҳамеша фикр мекардам.
Ман бо эҳсоси алам аз кори Сафорат шикоят кардам, аммо касе маро наворбардорӣ карда паҳн кардааст. Баъди ҳамон маро ба муддати 40 сол “депорт” карданд. Ба умед будам, ки “як дари баставу сад дари кушода”. Мегуфтам, ки ба ватан рафта ҳам дар мактаб кор мекунаму ҳам кори кишоварзӣ, як илоҷ карда хонаҳои нотамомро бунёд мекунам. Зеро шавҳарам дар фикри ободии хона набуд ва ҳоло ҳам нест.
Вақте бо моддаи 307 КҶ парванда кушоданд гӯё осмон ба замин зад
Баъди ихроҷ шудан ба ватан баргаштам. Кормандони шӯъбаи шашум маро фарёд карда баёнот гирифтанд. Ман ин корҳоро барои пешгирӣ аз ҷиноят фикр кардам. Аммо намедонистам, ки нисбатам парванда боз кардаанд. Норизоие, ки аз кори сафорат кардам ҳеҷ гумон надоштам бо моддаи 307 банду баст мешавад. Хулоса бо қарори суд маро ба муддати 5,6 сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Ба маҳбаси занонаи Норак интиқол доданд. Чорум марҳилаи азобҳои баъди оиладорӣ сар шуд. Дар муҳити тангдастӣ, хушунат ва муҳоҷират мезистам, аммо соли 2021 ҳаёти маҳбас сар шуд.
Фарзона Муродӣ