▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ -02.10.2024 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

  Рет қаралды 22,279

Azda tv - Аздо тв

Azda tv - Аздо тв

Күн бұрын

Барномаи хaбарии ИМРӮЗ - 02.10.2024 | AZDА TV
Дар ҳошияи нишасти солонаи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшава қазияи рӯзноманигорони зиндонии тоҷик баҳсу баррасӣ шуд. Дар ин нишаст, намонядагони кишварҳои узви САҲА, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва мухолифини табъидии Тоҷикистон ширкат карданд. Гулноза Саид, намояндаи Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ), Муҳаммадҷон Кабиров, сардабири Azda TV, Фарҳод Одинаев ҳомии ҳуқуқи башар ва фаъоли маданӣ, Шавкати Муҳаммад сардабири Payom TV, ва Фирӯзи Ҳаит, рӯзноманигори Azda TV дар ин нишаст суҳбат карданд.
Имрӯз, 2юми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари озими давлати Қатар шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президент хабар дод. Дафтари матбуоти Дастгоҳи раёсатҷумҳӣ мегӯяд, дар Фурӯдгоҳи Давҳа аз Эмомлаӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш Вазири давлати Қатар дар умури хориҷӣ Султон ал-Мурайхӣ ва сафири Тоҷикистон дар Қатар Нурмурод Муродалӣ пешвоз гирифтанд. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи ҳадафи ин сафар чизе нагуфтаанд, аммо расонаҳои қатарӣ мегӯянд, ҳадаф аз сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар даври сеюми нишасти Созмони гуфтугӯи ҳамкориҳои осиёӣ, ки дар Қатар баргузор мешавад, мебошад. Созмони мазкур соли 2002 бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Қитъаи Осиё таъсис ёфтааст. Соли 2013 як нишасти ин созмон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Наворҳое дар интернет мунташир шудаанд, ки нишон медиҳад, шуморе аз мушакҳои партобшудаи Эрон ба сӯи Исроил аз осмони варзишгоҳи Фулодшаҳр ҳангоми бозии тими “Сипоҳон”-и Эрон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон дида шудаанд.
Шаби 1-ум ба 2-юми октябр Ҷумҳурии исломии Эрон бо 250 мушаки баллистикӣ ба чанде аз пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохторҳои Исроил ҳамла кард.
Мақомоти Эрон мегӯянд, қисмати зиёде аз ин мушакҳо ба ҳадаф расидаанд, аммо мақомоти Исроил ва Амрико мегӯянд, адади зиёди ин мушакҳо тавассути падофандҳои исроилӣ ва амрикоӣ дар осмон мунҳадим шуданд. Аммо гуфта намешавад, ки нерӯҳои низомии Амрико дар минтақа ва худи Исроил дақиқан аз 250 мушак чандтояшро тавонистанд роҳгирӣ кунанд.
----------------------------------------------------------------
Azda tv дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Facebook: / azda.tv
Telegram: t.me/AZDATV
Вебгоҳ: azda.tv/
Whatsapp/Viber/Imo ☎: +48 571 608 008
------------------------------------------------------------------------------------------------------------
TAGS
хабар,ахбор,имруз,точикистон,Новости,تاجیکستان,اخبار,таджикистан,аздо тв,ахбори имруз,Азда тв,Azdatv,ахбори точикистон,ислохтв,Islohtv,новости,азда тв,azdatv,мигранты в россии,мухочир,гражданство рф,точикон,isloh tv,иззат амон,lecture education,душанде - дубай,ufuq tv,фирузи хаит,рвп по браку 2020,махмурод одинаев,azda tv,барномаи хaбарии имрӯз,тоҷикистон,halqatv,рустами эмомали,точик бача,модари точик,разборка,хонавода,оилаи рахмонов,taliban,талибан, Облава, аблава,аблава,аблава,аблава, аскари, хизмат, харби,хабар,имруз,точикистон,Новости,اخبار,аздо тв,ахбори имруз,Азда тв,Azdatv,ахбори точикистон,ислохтв,Islohtv,новости,азда тв,azdatv,мухочир,гражданство рф,точикон,isloh tv,фирузи хаит,рвп по браку 2020,махмурод одинаев,azda tv,барномаи хaбарии имрӯз,хабар,имруз,точикистон,Новости,اخبار,аздо тв,ахбори имруз,Азда тв,Azdatv,ахбори точикистон,ислохтв,Islohtv,новости,азда тв,azdatv,мухочир,гражданство рф,точикон,isloh tv,фирузи хаит,рвп по браку 2020,махмурод одинаев,azda tv,барномаи хaбарии имрӯз,halqatv,точик бача,модари точик,разборка,оилаи рахмонов,афганистан сегодня,мухиддин кабири 2021,вахдати милли,хнит,талибан,islam,масчид,коцерт,концерт дар масчид,шармандаги,мачит,мечеть аль акса,ислом,бехаё,
,
#Azdatv #Имруз #Аздотв

Пікірлер: 47
Bike Vs Tricycle Fast Challenge
00:43
Russo
Рет қаралды 109 МЛН
Сиганҳои Дӯстӣ чаро наметалбанд!?
20:54
СССР ТВ
Рет қаралды 101 М.
Bike Vs Tricycle Fast Challenge
00:43
Russo
Рет қаралды 109 МЛН