Дило назди касе биншин, ки аз дилҳо хабар дорад, Ба зери он дарахте рав ки у гулхои тар дорад. Дар ин бозори атторон марав харсу чу бекорон, Ба дукони касе биншин ки дар дукон шакар дорад Тарозу гар надори пас, туро з-у рах занад харкас Яке калбе биорояд, ту пиндори ки зар дорад Ба хар деге, ки мечушад маëвар косаву маншин, Ба хар деге, кимечушад дарун чизи дигар дорад. На хар килке шакар дорад, на хар зере забар дорад, На хар чашме назар дорад, на хар бахре гухар дорад.