Рет қаралды 1,366,078
Суруди “Хорам мекунӣ” аввалҳои соли 2005-ум тавлид шуда буд. Шеъраш аз китоби шоираи Кулобзамин Хосият Вализода гирифта шуда, оҳангашро оҳангсози маъруф Зикруллоҳ Ҳакимов сохта аст. Такмили оҳангро яке аз навозандагони моҳир, марҳум Соҳибқирон Нозимов ба уҳда гирифта буд ва пеш аз оне, ки сабт шавад Манижа Давлатова шаш моҳ рӯи он кор кард… Инчунин барои бою ғанӣ гаштанаш навозандагон ва сарояндагони театри опера ва балетаи пойтахт ҷазб шудаанд ва барои ҷовидона шудани ин суруд онҳо низ саҳмгузор ҳастанд.
Ҳамин тавр, ки таърих гувоҳ аст,
аввалин бор ин суруд соли 2006-ум ба нашр расид ва аввалин хонандааш низ хонум Манижа Давлат аст, ки то ин дам хеле аз ҳунармандони дохиливу хориҷӣ ӯро ба таври худ бозхонӣ карданд. m.d