Аслу насаби манро, Мепурси агар ҷонам. Парвардаи водии Зархези Зарафшонам. Ман катраи дарёям, Хам гавҳари саҳроям. Дарёи Зарафшонам, Беҳтар зи гулоб астӣ. Чун нағмаи ҷонпарвар Дар чангу рубоб астӣ. Аз мағзи дилу ҷонам, Бар васфи ту мехонам. Ҳар пораи санги ту Чун лаъли Бадахшон аст. Бар ҷону дилу дида Хуршеди дурахшон аст. Ман сози Зарафшонам, Ҳамрози Зарафшонам. Ҳар як кафи хоки ту, Шуд сурмаи чашмонам. Ҳар неъмати поки ту, Шуд дорую дармонам. Фарзанди ту ҳастам ман, Дилбанди ту ҳастам ман.