Рет қаралды 41,889
Дар дехоти Саричашма, аз 23 дехаи тобеъи чамоати дехот, 13 тои он дар шафати сангов вокеъ гаштааст. Пистамазор яке аз ин дехахо мебошад. Зиндаги дар шафати сангов, барои ин дехотиён вазнин аст, мегуянд онхо. Хатари фаромадани сел барои ин сокинони дехаи кадима, мушкилихои зиёд пеш овардааст. Лекин, сокинон дар чунин шароит умр ба сар бурда, ба оянда бо умед нигох доранд. Зиндагиро дуст медоранд. Хунархои аз кадим монда, мероси гузаштагон, чакандузи, охангари ва дигар шуглхои мардумиро идома медиханд. Киссаи тарбузи рангаш зард-ро ки гузаштагон мегуфтанд имруз аз наздик дида мазаашро чашиданд.
Барномаи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳор чӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТВ Мавчи Озод барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд