Рет қаралды 6,809
#ДИАБЕТИ ҚАНДӣ (Diabetes mellitus), касалии қанд, қандпешобӣ, бемории ғадудҳои дохилӣ, ки ҳангоми он аз сабаби дар организм нарасидани гормони ғадуди зери меъда - инсулин мубодилаи моддаҳо халал меёбад. Тибқи маълумоти омории Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ миқдори беморони гирифтори Д. қ. дар тамоми кураи замин 159 млн. нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар байни кӯдакон ба 15 млн. наф. расидааст.
Дар ҷумҳурии мо тақр. 0,2 - 0, 3% аҳолӣ ба ин беморӣ гирифтор аст. Бинобар ин, Д. қ.-ро муаммои аср низ меноманд, зеро он баъди бемориҳои дилу рагҳо ва саратон дар ҷои сеюм меистад. Ҳар 10 - 15 сол миқдори ин беморӣ ду маротиба зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон Д. қ. нафақат мушкилоти тиб, балки мушкилоти иҷтимоӣ низ гаштааст.