Рет қаралды 17,394
#Қиматшоҳи_Салим_тӯйёна
Аввалан салом ба ҳама мухлисони Қиматшоҳи Салим!
Хоҳиши аввал ин, ки як лайк гузоред ва ҳатман дар таги навор фикрҳоятонро нависед. Яъне, ки дар поёни видео коментария нависед. Ин навор танҳо ба хотири мухлисони акаи Қиматшоҳ гузошта шудааст. Акаи Қиматшоҳ шурӯъ аз соли 1986 ба сурудхонӣ ва гузаронида тую маъракаҳо машғул шудааст. Як замоне буд, ки акаи Қиматшоҳ ва акаи Қувваталӣ дар ноҳияи Вахш ва берун аз он сурудхонӣ мекарданд ва пайваста ба гуфтаи мардум заказ доштанд. Чуноне, ки дар як суҳбат бо акаи Қиматшоҳ ва акаи Қувваталӣ огоҳ гаштем мухлисони онҳо аз ноҳияҳои Ҷикикул (ҳозира н.Дӯстӣ), Калхозобод (ҳозира н.Ҷ.Балхӣ), Куйбеш (ҳозира н.А.Ҷомӣ), Панҷ, Данғара, Балҷувон ва Ховалингу шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, маҳаллаи Гулзор ва Савхози Файзалӣ Саидови ноҳияи ҳамонвақта Бохтар (ҳозира н.Кӯшониён), деҳаи Боҳтурободи шаҳри Каленинобод (имрўза ш.Левакант) буданд ва пайваста ба тую маъракаҳошон даъват мекарданд. Хуласи калом аз ҳама шаҳру ноҳияҳои Хатлон даъваташ мекарданд ва сурудаҳои ўро гуш мекарданд. Давраи аз ҳама машҳураш солҳои 1996, 1997, 1998 то соли 2006 мебошад. Агар ба гуфтаи мардум даволни боша ҳамон сурудҳои гизалаша хонда метона ва муҳимтар аз ҳама хеле хуб менавозад. Сурудҳои популярний яъне сурудҳои машҳураш бо номҳои: «Баро баро моҳаме», «Миҷгонаҷон», «Гули гулҳо гулуме», «Дар сабза нашин», «Гуландом», «Ҷонуме», «Ҳануз ба лаби ман», «Ай дилбар ёри туям», «Ман мемирам фасли баҳорон бошад», «Як шаб марҳамат ба хонаи мо», «Кетман» ростӣ ҳамин қадараш ёдам омад навиштам. Хуласи калом дўстони азиз гузоштани лайка фаромўш насозед. Акаи Қиматшоҳ ва акаи Қувваталӣ ба гуфтаи мухлисонашон беҳтарин сарояндаҳо буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд!