Рет қаралды 16,640
"Mavrigi ensemble from Bukhara"
Рақибам сарзанишҳо кард, ки аз ин боб рух бартоб
Чӣ афтод ин сари моро, ки хоки дар намеарзад
Чу Ҳофиз дар қаноат кӯшу аз дунёи дун бигзар
Ки як ҷав миннати дунон ба сад ман зар намеарзад
Дилбари хушҷалоли ман, меваи хушниҳоли ман
Гуфта падар ба ҳоли ман, бин ту чӣ кор мекунӣ
Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ
Хоҳ нек кунӣ, хоҳ бад кунӣ, ба худ кунӣ, ба худ кунӣ
Ҷони манӣ, э қувватам, чашми манӣ, э иззатам
Субҳу шабон ба ҳасратам, қалбама зор мекунӣ
Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ
Хоҳ нек кунӣ, хоҳ бад кунӣ, ба худ кунӣ, ба худ кунӣ
Мехом вафот, боғи дилам, холҳои лабаш доғи дилам
Аз дур ки назорат мекунӣ, маънеш чӣ?
Ангушт ба даҳон, лаб ба даҳон газиданат маънеш чӣ?
Чашмони сиёҳи сода сунбул хуши ту
Мехом вафот, боғи дилам, холҳои лабаш доғи дилам
Он наргиси пурхумори одамкуши ту
Мехом вафот, боғи дилам, холҳои лабаш доғи дилам
Мардум мегӯянд «Куҷо шуд ақли хуши ту?»
Мехом вафот, боғи дилам, холҳои лабаш доғи дилам
Ақли хуши ман пеши ҷамоли хуши ту
Мехом вафот, боғи дилам, холҳои лабаш доғи дилам
Ту дилро ба кас мадеҳ барои дили ман
Мехом вафот, боғи дилам, холҳои лабаш доғи дилам
Холи лабатон гиреҳкушои дили ман
Мехом вафот, боғи дилам, холҳои лабаш доғи дилам
Дар канори гулзор бо шароби гулнор
Як-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр
Шухам ба қасди қатли асирон итоб кард
Қурбони ӯ шавам, ки маро интихоб кард
Бурқаъ зи рӯи он санами озарӣ кашед,
Бе фарёду сӯхтан дили шайхро шод кард
Ханҷар ба даст, ҷилвакунон шуд сӯи ҳарам
Фарёд гуфту хонаи дилро хароб кард
Пайрав, ту з-ин сипас ба фироқаш ғамгин мабош
Номи туро ба дафтари ишқаш ҳисоб кард
Сарви суман бар майи тобони ман
Мӯниси деринаи қурбони ман
Боз фидои ту қизи ҷони ман
Шӯҳрати олам шуда афғони ман
Матлаби ман он қади раънои ту
Дидани чашмам рухи зебои ту
Вирди забонам лаби гӯёи ту
Зиндагиам баҳри тамошои ту
Аз арақи рӯи ту дорам гулоб
Холи рухат амбару ҳам мушки тоб
Холи рухат бар назарам гул барин
Зулфи сияҳ амбари сумбул барин
Замзамаи лайлу наҳорам туӣ...
То ту ризо нашавӣ, ман аз ту ҷудо намешам
Ёрам ба лабон омад, он пистадаҳон омад
Ёр омаду ёр омад, ёрам лаби бом омад
Як бӯса талаб кардем, нохост рамазон омад
Ҷононаи нағзи ман, бодоми думағзи ман
Бодом ки ду мағз дорад, ту ёраки нағзи ман
То ту ризо нашавӣ, ман аз ту ҷудо намешам
Ҷудо ҷудо намешам, ман аз ту ҷудо намешам
Ғизо-ғизо намешам (мақсад «гурехтан»), ман аз ту ризо намешам
Биё як, биё як, биё якдона ёрам
Биё ду, биё ду, биё дудила ёрам
Биё се, биё се, биё себу анорам
Биё чор, биё чор, биё чораи дардам
Биё панҷ, биё панҷ, биё панҷаи хуршед
Биё шиш, биё шиш, биё шишаи шаробам
Биё ҳафт, биё ҳафт, биё ҳафта ба ҳафта
Биё ҳашт, биё ҳашт, биё ҳаштрӯза ёрам
Биё нӯҳ, биё нӯҳ, биё нураки чашмам
Биё даҳ, биё даҳ, биё даҳ
Биё дардаш ба ҷонам