Э. Рахмон в церемонии прощания и выражения соболезнования в связи с гибелью Президента Ирана.

  Рет қаралды 163,049

BY

BY

4 ай бұрын

Муҳтарам Э. Раҳмон дар маросими видоъ ва таъзия бинобар даргузашти Президенти Эрон иштирок намуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа - Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш иштирок намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир, мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони шаҳидшудагон ҳамдардии амиқ баён намуданд.
Зимни изҳори ҳамдардӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши арзишманди шодравон Сайидиброҳим Раисӣ дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19 май Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол ба таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расиданд.
Зимни суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир ҳамчунин алоқамандии ҳарду ҷониб ба идомаи босубот ва густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.

Пікірлер
SCHOOLBOY. Мама флексит 🫣👩🏻
00:41
⚡️КАН АНДРЕЙ⚡️
Рет қаралды 7 МЛН
escape in roblox in real life
00:13
Kan Andrey
Рет қаралды 74 МЛН
LIVE: Iran holds funeral ceremony for President Raisi
2:49:56
The Times and The Sunday Times
Рет қаралды 573 М.