Ривоят ё Хакикат - Чилдухтарон

  Рет қаралды 2,166

TV Sayohi

TV Sayohi

8 ай бұрын

Чилдухтарон - номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.
Ривояти халқӣ
Дар замонҳои хеле қадим тӯдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурӯхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Муъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухурд чанд шабонарӯз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сӯи кӯҳҳои сарбафалак рӯ оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сӯи кӯҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гуруҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сӯи кӯҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тӯдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рӯ оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рӯ ба рӯ насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанӯз дар қиёманд.

Пікірлер: 11
@DustiHakiki-bi2vd
@DustiHakiki-bi2vd 3 ай бұрын
Асалому алейкум бехтарин
@MyzaffarMurodzoda
@MyzaffarMurodzoda 4 ай бұрын
Друг мега
@Persian277
@Persian277 4 ай бұрын
Ягон одам подам набдан бесаводи басай куху санги Аллох аст тамом
@user-jm4kb5rb4n
@user-jm4kb5rb4n Ай бұрын
Вилояти Кулоб ❤хатлон нест.
@hasanovahtam8522
@hasanovahtam8522 7 ай бұрын
Шояд 40 духтар дар болои кух кушта шудан.номикух мондаги бошан фикри ман
@hasanovahtam8522
@hasanovahtam8522 7 ай бұрын
Тариха нагзтар ефтан лозим
@user-dr7pj3jr8g
@user-dr7pj3jr8g 3 ай бұрын
ВАЛОХ ДУРУГ МЕГУЯД БОВАРАШ НАКНЕН КИ ГУНАХГОР МЕШАВЕД ИН 40 ДУХТАРОН ТАРИХУ ГУЗАШТА НАДОРАД ВАЯ ГАЙР АЗ АЛОХ КАСЕ НАМЕДОНАД
@JsjsNsjd-dg3np
@JsjsNsjd-dg3np 8 ай бұрын
😆😆😆😆😆😆
@JsjsNsjd-dg3np
@JsjsNsjd-dg3np 8 ай бұрын
Ма медонм ичара ватанмай неки хами одамоеки гуфтестан да бораи чилдухтарон камтари дига тариф кнен
@user-to2qe9yu4q
@user-to2qe9yu4q 7 ай бұрын
از فاصله دور از افغانستان این خیلی قشنگ معلوم می‌شود مثل که عروس در بالای اسپ است و یک نفر اسپ را گرفته می‌رود این کوه بسیار جالب است هر وقت نگاه میکنم توجه مایان به خود جلب کرده در افغانستان این کوه را کوه شاه عروس می‌گویند بزرگان ما می‌گویند عروسی بود است از طرف درواز می‌رفته سمت پاین از پیش رویشان کافر میاد به خداوند متعال می‌گویند خدایا ما را سنگ بگردان اما روی کافر را نبینیم
Дараи Мухтор. Хонаи Восеъ.
16:08
TV Sayohi
Рет қаралды 2,1 М.
WHO LAUGHS LAST LAUGHS BEST 😎 #comedy
00:18
HaHaWhat
Рет қаралды 19 МЛН
3M❤️ #thankyou #shorts
00:16
ウエスP -Mr Uekusa- Wes-P
Рет қаралды 14 МЛН
That's how money comes into our family
00:14
Mamasoboliha
Рет қаралды 10 МЛН
Зане ки аз зулми янгааш худро оташ зад
8:02
Дараи Ромит - 2024
3:48
Jamshed Odinaev
Рет қаралды 758
Мерос  - Қубодиён
20:01
TV Sayohi
Рет қаралды 320
деҳаи Дара - Нуробод
13:28
TV Sayohi
Рет қаралды 1,2 М.