Рет қаралды 2,128
#Рушди_кишоварзӣ_дар_ноҳияи_Вахш
28.04.2023 Мақсаднок истифода намудани заминҳои корам дар н. Вахш
Подвотка:
Боғу токпарварӣ соҳаи даромадноки кишоварзӣ буда, барои фаровонии бозору дуконҳои маҳаллӣ аҳаммияти хело муҳим дорад. Дар рушди соҳаи мазкур, маҳз хоҷагиҳои ниҳолпарвар заминаи боэътимоде хоҳанд гузошт, барои бунёди боғу токзорҳои меваҳояшон хушсифату содиротии мамлакат. Ба мисоли Мирзоалӣ Маҷидов, ки аз соли 2006-ум инҷониб ба парвариши ниҳолҳои гуногуни мешавадиҳанда ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ фаъолияти худро пеш мебарад, боқимонда умри худро дар ин самт бахшидааст. Шарҳи бештари мазуъ дар гузориши ҳамкоронамон аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон.
Вақти фаро расидани фасли баҳор ва мавсими хуррамгардонӣ, мо шоҳиди он мегардем, ки хоҷагидорони ниҳолпарварии тамоми гушаву канори мамлакат дар бозору нуқтаҳои ниҳолфурушӣ маҳсули дастони хешро бо нархҳои дастрас ба сокинон манзур медоранд. Аммо тасаввур намекунем, ки ин мардуми меҳнатқарин дар ҳама фасли сол ба хотири сарсабзии диёр, шабу рӯз заҳмат мекашанд. Мирзоалӣ Маҷидов аз зумраи чунин нафарони меҳнатдӯсте ҳаст, ки ба гармии боду ҳаво нигоҳ накарда, пайи парварпиши ниҳолони мевадиҳандаю гулу гулбутаҳои ороишӣ мебошад.
Синх: Мирзоалӣ Маҷидов- ниҳолпарвар, сокини ноҳияи Вахш
Ӯ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагии худ, ки масоҳати умумиаш беш аз 1 гектарро ташкил медиҳад, зиёда аз 15 намуди дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва буттаҳои ороиширо ҳифзу нигаҳдорӣ мекунад. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, қабл аз ҳама барои муваффақ гаштан ба бор овардани самараи дилхоҳи ин соҳа, интихоби дурусти навниҳол аҳамияти аввалиндараҷа дошта, боиси устувору ҳосилхез гардидани онҳо мегардад. Амаки Мирзоалӣ шуруъ аз моҳи ноябр алакай донаҳои дарахтони хушсифатро дар қитъаи алоҳидаи омода карда мешинонад ва дар моҳи феврал онҳоро бо дигар дарахтони мевадиҳандаи пурбор пайванд месозад. Баъди пайванди дарахтон ин шабу рӯз онҳоро аз пайвандашон ҷудо карда, дар шакли махсус нигоҳ медорад.
Синх: Мирзоалӣ Маҷидов- ниҳолпарвар, сокини ноҳияи Вахш
Ин ниҳолпарвари муваффақ, қаблан аз парвариши ниҳоли тут даст кашида буд, зеро ба гуфтаи ӯ таваҷҷуҳи харидорон ба ин навъи ниҳол хело ангуштшумор буд. То он замоне, ки ҳамнгоми ироаи паёми хеш, сарвари давлат, ба масъулин оид ба рушди пиллапарварӣ ва васеъу барқарор намудани майдони тутзорҳо дастури ҷиддӣ додаанд. Ин иқдоми Роҳбари давлат моро хело хушнуд кард ва зарур шуморидем, ки кишту парвариши ниҳолони тутро дар фаъолияти хеш, ба роҳ монем.
Синх: Мирзоалӣ Маҷидов- ниҳолпарвар, сокини ноҳияи Вахш
Чуноне ки амаки Мирзоалӣ иброз медоранд, дар баробари заминҳои ёрирасон қитъаи замини наздиҳавлигиашон барои соли оянд алакай омода буда, аҳли оила тасмим доранд, ки онро пурсамар истифода намуда, номгӯӣ ниҳолони мевадиҳанда, сояафкан, ҳамешасабзу ороиширо афзун ва бо ин васила ҳам барои сабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии вилояту тозагии ҳифзи муҳити зист, саҳмгузорӣ намоянд ва ҳам сатҳи рӯзгори хешро маҳз аз ин ҳисоб, беҳбуд бахшанд.