САИДҶАЪФАР УСМОНЗОДА ФИКР НАМЕКАРД, КИ ҲАБСАШ МЕКУНАНД...

  Рет қаралды 26,136

Bomdod TV

Bomdod TV

Күн бұрын

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Ҳизби демократ, ки ҳоло бо иттиҳоми вазнини “ғасби ҳокимият” дар ҳабс қарор дорад, қабл аз боздошташ ба ин ки ҳабсаш мекунанд, бовар надоштааст.
Дар ин бора рӯзи 25 июни соли 2024 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” як журналисти тоҷик хабар дод. Ин журналист, ки ба далелҳои амниятӣ номашро нашр намекунем, бо Усмонзода рӯзи 12 июн, ҳамагӣ соате ё сооте қабл аз боздошташ телефонӣ суҳбат кардааст.
Ӯ гуфт: “Албатта, аз сарусадоҳое, ки дар атрофаш он рӯзҳо бархоста буд, нигарон буд, вале аслан фикр намекард, ки кораш то ба ҳабс ва он ҳам бо иттиҳоми ҷиддии “ғасби ҳокимият” мекашад. Нигарониаш беш аз сабаби барканориаш аз раҳбарии Ҳизби демократ буд ва бар он меандешид, ки оё кадом амалаш сабаби чунин қаҳри мақомот шудааст? Азбаски тасмими вазорати адлияро дар бораи раҳбари нави Ҳизби демократ эътироф кардани Шаҳбози Аброр ба чолиш кашонда буд, интизор дошт, ки мақомот ҳатман барои ин чораи ҷавобие хоҳанд андешид, вале ҳеҷ гумон надошт, ки оқибати кораш пушти панҷара хоҳад буд”.
Дар ин суҳбати телефонӣ Усмонзода нигарониҳои худро дар бораи сарнавишташ низ дар байн гузоштааст. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Ӯ фикр дошт, ки мақомот шояд ӯро акнун аз ҳаққи вакилӣ маҳрум хоҳанд кард. Аммо бовар дошт, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз вай ҳимоят мекунанд. Ҳатто нақл кард, ки бо чанде аз вакилони бонуфуз ин масъаларо пурсидааст ва онҳо гӯё Усмонзодаро итминони хотир додаанд, ки барои бекор кардани мандаташ овоз нахоҳанд дод. Онҳо гӯё гуфтаанд, ки то анҷоми ваколати онҳо ҳамагӣ чанд моҳи дигар мондааст ва дигар зарурате нест, ки ягон вакилро аз мандат маҳрум карда, барои ҳамагӣ чанд моҳ аз нав интихоботи миёндавраӣ доир кунанд”.
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 12 июн аз вакилони Маҷлиси намояндагон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзода ва иҷозати ҳабси ӯро дархост кард. Вакилон, бар хилофи интизори Усмонзода, ин дархостро якдилона пуштибонӣ карданд.

Пікірлер: 13
@user-xy3dj3ku4m
@user-xy3dj3ku4m 2 ай бұрын
Рахмонуф истифода мебараду вахту соватаа миязиндон мисли юкуб салим ...
@user-se455wiktooor
@user-se455wiktooor 2 ай бұрын
Рости ма хам вопше бовар надоштум , ки итари чоплуси чукурлеса зиндони менан. Значить рохбари Давлат на ба чоплусош рахм менаву на ба мухолифин
@user-ie1fe6en4o
@user-ie1fe6en4o 2 ай бұрын
Хубш кардан. 😅😅😅😅
@user-jt9pp1vz4j
@user-jt9pp1vz4j 2 ай бұрын
Чоплус.буд
@user-ec8db2tg4b
@user-ec8db2tg4b 2 ай бұрын
Система пожирает своих
@user-vv2ip3kx6g
@user-vv2ip3kx6g 2 ай бұрын
ИН ХУКУМАТИ ХУДКОМАИ НОУХДАБАРОРИ ДУЗДИ ГОРАТГАРИ ХУНХОР БЕСАВОДИ БАДНАФСИ БЕНОМУСИ ОХИРАТАШ ХАМИН АСТ . КАСЕ ХОЛО АЗ ДАСТИ РАХМОНОФФ КАТЛ ВА Ё КУНЧИ ЗИНДОН МЕШАВАД ВА КИСМИ ДИГАРАШ АЗ ДАСТИ РУСТАМ МЕШАВАД БАРОИ ОН КИ У БОЯД ДАР НАЗДИ МАРДУМ ЯГОН БЕХБУДИ НИШОН ДИХАД . ПАС ДЕР МЕШАВАД .ХУБ МЕДОНЕМ КИ ХОЛО ХАБСУ ЗИНДОНИ КАРДАН БИСЕР ШУДААСТ.
@user-xv9fi2cb2q
@user-xv9fi2cb2q 2 ай бұрын
Ин лесаки сарсафедро хубащ карданд......
@happyexpert697
@happyexpert697 2 ай бұрын
Значит где то выступал лишнего проболтал. Система пожирает своих верно сказано. Это везде такая фигня к сожалению 😢😢😢
@user-io5lk7uy1o
@user-io5lk7uy1o 2 ай бұрын
Бори каҷ ҳеҷ вақт ба манзил намерасад
@user-pr6ww7jn7b
@user-pr6ww7jn7b 2 ай бұрын
Чоҳкан зери чоҳ
@user-zt1wu2vt2r
@user-zt1wu2vt2r 2 ай бұрын
Ин одам 00000.1 фоиз пушти мардума мнгирифт 1 фоиз даже 0.5 фоиз не ин хукумат да бояд друг бгуй
@user-pr6ww7jn7b
@user-pr6ww7jn7b 2 ай бұрын
Усмонзода презерватив буд
@user-xv9fi2cb2q
@user-xv9fi2cb2q 2 ай бұрын
Кашида партовтан вакташ кати.😂😂😂
Люблю детей 💕💕💕🥰 #aminkavitaminka #aminokka #miminka #дети
00:24
Аминка Витаминка
Рет қаралды 1,3 МЛН
Cute kitty gadgets 💛
00:24
TheSoul Music Family
Рет қаралды 21 МЛН
Whoa
01:00
Justin Flom
Рет қаралды 56 МЛН
⚡Саидҷаъфар Усмонзода ба ҳабс гирифта шуд...
3:59
Ояндаи Миллат | Будущее Нации
Рет қаралды 30 М.