Язгуломам пораи мулки Хуросони ман аст. Ёдгори маҳди фарҳанги ниёгони ман аст. Сарзамини нозпарвар, маҳвашони нозанин, Зулфи мушкини бутонат риштаи ҷони ман аст. Нури яздонӣ таровад аз дили барнову пир, Зарра-зара меҳри ту дар қалби ҷӯшони ман аст, Язгуломам чун нигине дар дили Боми Ҷаҳон, Шубҳае дар дил куҷо, ин мулки Яздони ман аст, Аз дили ҳар чашмаи ту оби “Замзам” меравад, Туту талқони лазизат қуввати ҷони ман аст. Ин диёри родмардон асту ҳам фарзонагон, Ёдгор аз марзу буми аҳди бастони ман аст. Сар равад гар аз танаш, аммо ба пеши нокасе, Хам намеорад, чунки нанги мардони ман аст. Ҳар куҷо ки будаам, аз меҳри гармат комгор, Хонаи умеди дилҳо, ишқу армони ман аст. Сафкашида қуллаҳои сарбаландат то само, Ҳамчу сарбози Ватан доим нигаҳбони ман аст. Дар саховат арҷманду мардумат овозадор, Ин нишоне аз ниёгон дар рагу ҷони ман аст. Паҳлавонӣ хатм гардида, ба шерони Ялат, Чун дилат пурнӯр аз даргоҳи Маннони ман аст. Аз садоқат шеър мегӯям ба васфат,эй диёр, Васфи ту ҳам ифтихору қарзи виҷдони ман аст. Минбари озодагонӣ, Язгуломи чун биҳишт, Мафхару ному нишони сарбадорони ман аст, Манбаю сарчашмаю маҳди Маҳистони куҳан, Ҳолиё як пораи лаъли Бадахшони ман аст. Эй Ватан-Модар, бувад дар тору пӯдам меҳри ту, Хоки роҳат сурмаи мижгони чашмони ман аст.
@МехрангезСарадбекова2 жыл бұрын
Мадуми мехмоннавоз!❤️❤️❤️❤️❤️🤲🤲🤲
@сайфулло11114 жыл бұрын
Мо бо шумо фахр мекунум эй мардуми Язгулом Худованд нигохбонтон боша салом аз Душанбе
@ЮсуфРахматов-ю8ж4 жыл бұрын
Чазакаллоу хайран биродари Гули канд
@ИброхимИматов4 жыл бұрын
РАХМАТ АККА ХУДОВАНД НИГАХБОНАТОН.
@Точикистонбапеш-г3с Жыл бұрын
Бехтарин 🌷🌷🌷🌷
@yusufyusupov42184 жыл бұрын
Бихишти руи замин Точикистон чон Точикистон
@mamadvafoqalandarov6664 Жыл бұрын
Водии Язгулом хеле зебо мебошад ва дар ин макон мардуми баномусу мехмоннавоз зиндагони мекунанд. Аз кадимулайем Язгулом бо пахлвононаш фахр мекарданд ва дар хакикат аз макони афсонавии пахлавонони зиеде баромада, Бадахшон ва Точикистонро ба чахониен муаррифи намуданд. Язгуломиен бо намуди зохири аз ванчихо фаркияте доранд ва онхоро дар хама чо бо сурату лахчаи зебояшон фарк кардан осон мебошад. Дар мардуми мо онхоро чиченхои Бадахшон хам номида мешаванд. Дар хакикат чавонони Язгулом хеле часур мебошанд ва барои химояти номусашон дар хар кунчи дуне набошанд, хаматарафа химоя мекунанд. Ривоят хаст, ки оби дарьечаи Язгулом одамонро аз хар хел касалихо сихат мекунад ва боре як шахси касалманд, ки дар ш. Хоруг касалияшро муайян карда натавонистаанд ва хешонашон бо умеди зиеде уро ба ш. Душанбе бурда ба табибон нишон медиханд, аммо мутассифона табибони ш. Душанбе хам сабаби беморшавии ин инсонро муайян карда натавонистаанд ва хешу табораш уро гирифта ба Ватан мебаранд. Дар наздики рохи мошингарди Ванч ва Язгулом одами касал яку якбора худро аз мошин ба дареи Язгулом мепартояд ва оби тез уро бурдá истодааст. Хешони бо у будаги низ даррав худро ба об партофта уро ба берун мебароянд ва баьди чанд муддате уро ба хуш меоваранд. Руз аз руз саломатии ин шахс бехтар шуда ба по мехезад ва аз паси зиндаги мешавад.
@kidsshowtv1004 жыл бұрын
*_Беҳтарин Видео навор Бародар Обуна шавед Канали Мода Раҳмат_*
@ИгорьРома-э2в4 жыл бұрын
РУТОН СИЁХ ХТОНА БКШЕН ТО КОНУНИ АЛЛОХА НАМОНЕ ЯЗГУЛЯМ БЕЗОРААААЙ АЙ И РЕЖИМ