Рет қаралды 2,279
Оё зане, ки ҳамсараш дар муҳоҷират аст, метавонад аризаи ҷудоӣ бидиҳад, дар ин ҳолат ӯ бояд чиро дар назар гирад, тартиби талоқ чӣ гуна аст ва барои ин кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Чӣ гуна зани никоҳи расмӣ надошта, тавассути суд барои фарзандонаш алимент ё тақсими амволро ба даст орад? Чӣ гуна пас аз қарори суд метавон дар хонаи шавҳари собиқ маскан гирифт?
Атрофи ин ва дигар масъалаҳо мо бо мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ҳисор Музафари Нодира Музафар суҳбат кардем.
Подкаст ба ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Сари вақт гирифтани ҳуҷҷатҳо барои худ ва фарзандон то чӣ андоза мухим аст. Мо ин ва дигар масъалаҳоро дар подкастҳои худ баррасӣ хоҳем кард.
Силсила подкастҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ "Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар ва иштироки Маркази ҳуқуқи инсон омода карда шудааст.
Дар нашрҳои оянда мо бо мутахассисони САҲШ дар мавзӯи чӣ гуна иваз кардани насаб, сабти ақди никоҳ, ба фарзандхонӣ қабул намудан ва ва ғайраҳо сӯҳбат хоҳем кард.
Инчунин, шумо метавонед, ҳама маълумоти муфид дар бораи хизматрасониҳои САҲШ ва ҳуҷҷатгузориҳоро аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон - rahsh-adliya.tj/ дастрас намоед.
Лоиҳаи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.