Рет қаралды 836
Тоҷикистон яке аз аввалин мамлакатҳое мебошад, ки ташаббуси таъсис додани «Як камарбанд, як роҳ»-ро дастгирӣ намуд ва дар ин доира ҷонибҳо як қатор лоиҳаҳои муҳими муштаракро амалӣ намуданд. Моҳи сентябри соли 2014 зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ дар таъсиси якҷояи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» ба имзо расид. Бояд гуфт, аҳамияти эҳёи ин роҳ барои Тоҷикистон дар он аст, ки «Ҳадафҳои ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» бо «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мутобиқат менамоянд ва ин боиси суръати ҳаракати кишвари мо ба сӯи ҳадафҳои стратегии худ мегардад.