Рет қаралды 195,339
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд
16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасии ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ «Қонун дар бораи авф» ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад. Аз ҷумла, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод гардида, беш аз панҷ ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз ҷазои ба озодӣ алоқаманднабуда озод карда мешаванд. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 1 лоиҳаи Қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:
- занон;
- ноболиғон;
- мардони аз синни 55 боло;
- маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, ба омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
- шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ.
Муфасалтар
clck.ru/JXgS8
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ Telegram: bit.ly/2vheVeX
★ WhatsApp: bit.ly/2K9HghP
★ WebSite: bit.ly/2OmVA3m
#Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikiston