Рет қаралды 18,727
"Mavrigi" ensemble from Bukhara, Mavrigi folk music concert
ман бандаи ман бандаи ман бандаи ту
ман банда ба он лабои пурхандаи ту
ҷононаи ман ба ман ту лутф накунӣ
охир чӣ кунад ин ошиқи гандаи ту
гуфтам "ситора дар ҳаво", гуфто ки "ин чашми ман аст"
гуфтам "макун нозу адо", гуфто ки "ин расми ман аст"
Сарви бӯстон лаъли хандаи ёри ман аст
Гул ба оташ зар бирехт, ҳусни дилдори ман аст
Зангиё зангиё зангӣ, даврата гардам чӣ бало қашангӣ
Аз дар ки дароӣ ман нигоҳи ту кунам
Андеша ба чашмони сиёҳи ту кунам
Як мол надорам ки закоти ту кунам
Як ҷони азиз дораму қурбонат кунам
Зангиё зангиё зангӣ, даврата гардам чӣ бало қашангӣ
Дардаш ба ҷонам чӣ бало қашангӣ
Ширинзабонам чӣ бало қашангӣ
Офати ҷонам чӣ бало қашангӣ
Маталамутонам чӣ бало қашангӣ
Турфа шӯхе ки бувад бурдани хобаш ғалатӣ,
Чин зада ба рӯи худ зулфи дутобаш ғалатӣ
Бо рақибон ҳама дам боди гулгун мехӯрд
Ба мани сӯхта дил нозу итобаш ғалатӣ
Ғалатӣ, ғалатӣ, зулфи дутобаш ғалатӣ,
Ғалатӣ, ғалатӣ, лаъли хушобаш ғалатӣ,
Ғалатӣ, ғалатӣ, бурдани хобаш ғалатӣ,
Ғалатӣ, ғалатӣ, нозу итобаш ғалатӣ,
Ай кабӯтар номаро ба ҷону бар ҷонона бар
Пеш аз гар нома мебурдӣ ҳоло ту ҷон бубар
Тӯҳфаи дигар надорам аз бароят, эй парӣ
Ранги зард, оҳи сард, дидагирёнам бубар
Оҳ гула бурданд ба ҳарам, булбула бурданд ба чаман
Оҳ гула бурданд ба ҳарам, булбула бурданд ба чаман
Он сиё холест ки бар рухсори ҷонони ман аст
Ханҷари мижгони ӯ пайваста бар ҷони ман аст
Носеҳон беҳуда мегӯянд, ки дил бардор аз ӯ
Ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст?
Гуфтам, эй ширинсухан ошиқ макуш, кам ноз кун
Гуфт: ошиқ мекушам, чанд рӯзи даврони ман аст
Гуфтам эй нозук, сар бар гарданат мори сиёҳ
Гуфт кай мор аст, ки он кокулпарешони ман аст
Аҳмади Ҷомӣ зи ишқат сӯхт гар монанди шамъ
Нури ин шамъи азал он моҳи тобони ман аст
Сафеди ман, гули барги беди ман
Ороми ҷони ман шумо,
Сарви равони ман шумо
Мӯрчамиёни ман шумо
Рафтем раҳи дуродуре
Овардем ниҳоли гуле
Ниҳоли гул аз куҷое
Аз чорбоғи Мирзогуле
Мирзогули бебокаме
Ту ангуру ман токаме
Дилакам дилбаракам ҳой ту ширинлабакам
Дар боғ анҷир аст, мо надонистем
Дарҳо занҷир аст, мо надонистем
Сиёҳи гарданат кокула дораде
Баёзи гарданаш охула дораде
Ягон ҳарфи баде бар ту нагуфтаме
Чаро чашми ту гирён аст гули мане
Лоларуху суманбару сарви равони кистӣ е?
Сангдилу ситамгару пистадаҳони кистӣ?
Ба ҳар чаман расидаӣ, наргиси маста бастаӣ
Нархи шакар шикастаӣ, ширинзабони кистӣ?
Зулфи каманди ту маро кард асири бенаво
Наргиси масти ту маро кард асири бедаво
Холи сиёҳ нишондаӣ дар лаби чашмаи бақо
Банда ба холи мушкинат кард маро асириҳо
Ороми ҷони ман шумо, номеҳрубони кистӣ?