Рет қаралды 91,567
Раиси шањри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муњтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи баргузории даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо варзишгарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии Тоҷикистон мулоқот карданд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муњтарам Рустами Эмомалӣ ба тими миллии кишвар барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва роњ ёфтан ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 сипосгузорӣ намуданд. Зимни мулоқот Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муњтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан ва дар қатори ҳашт дастаи беҳтарин ҷой гирифтан дастоварди бузурги тими миллии Тољикистон буда, сањифаи наве дар таърихи футболи тољик аст. Муваффақияти шуморо тамоми тољикони дунё ва шањрвандони кишварњои дўст бо хушнудї истиќбол намуда, шумо футболи тољикро ба љањониён муаррифї сохтед, таъкид намуданд, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муњтарам Рустами Эмомалӣ зимни мулоќот бо њайати тими миллї. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муњтарам Рустами Эмомалӣ дар мулоќоти мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун, ки дар варзишгоњи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор гардид, иштирок намуданд.