Рет қаралды 111
Аз субҳ боғи фарҳангиву фароғатии Наврӯзгоҳ фазои идона дошт. Кӯдакону наврасон бо рақсу бозӣ ва қироати шеъру суруд ҳамагонро пешвоз гирифтанд. Чорабнии вилоятӣ бахшида ба Рузи байналмиалии ҳифзи кӯдакон дар ҳамин макон баргузор шуд. Барои фароғату истироҳат ва хушҳолии кӯдакон дар ҳар гӯша барномаҳои рангин ташкил шуд. Ба хурсандии кӯдакон муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар меҳмонон ҳамроҳ гардиданд.